Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар «Муколама аз рӯи масоили таҳкими мушорикат дар бахши ҳамбастагӣ» дар ҳошияи саммити Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором

08.11.2014 17:09, Чин

Муҳтарам Ҷаноби Раис,
Муҳтарам ҳамтоён, хонумҳо ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама мехоҳам ба Раис Си Ҷинпин барои ибтикорашон ҷиҳати ташкили Муколамаи сатҳи баланди имрӯза дар арафаи роҳандозии саммити ҷашнии Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором аз самими қалб изҳори миннатдорӣ намоям.

Дар манзари мавҷудият ва пайдоиши хавфу хатари зиёде ба иқтисодиёти ҷаҳон таҳкими ҳамкорӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ва таъмини фаъолияти устувори ҳамаи унсурҳои низоми ҳоҷагидории он аҳамияти бориз дорад.

Бо дарназардошти ин, арзёбии ибтикороти Ҳукумати Чин дар мавриди рӯи кор овардани Муколамаи  ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором бо давлату созмонҳое, ки аъзои Форуми мазкур нестанд, басо душвор аст. Ин саъю кӯшиши Чинро барои татбиқи рӯзномаи мутаносиби бахши ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ, мусоидат ба рушди иноватсионӣ, ислоҳоти сохторӣ ва густариши минбаъда, ҳамчунин таҳкими ҳамбастагии маҷмӯӣ ва бунёди инфрасохторӣ намоиш медиҳад. Мо чунин муносибати дурандешонаро мепазирем.

Маълум аст, ки ҷустуҷӯи равандҳои ба ҳам пайвастани либерализатсияи режимҳои тиҷоратию сармоягузорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои интиқоли бемонеаи амвол, хидматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ, аз як тараф ва ҳамкории техникию иқтисодӣ, коҳиш додани номутаносибӣ дар сатҳи рушди давлатҳои мухталиф, - аз ҷониби дигар, вазифаи муҳимамон ба шумор меравад.

Барои кишварҳои камрушдёфта, хусусан барои кишварҳое, ки роҳи баромадан ба баҳрро надоранд, ҳифзи мустақилияти худ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва таъмини устуворияти рушду густариши давлат мақоми асосӣ дорад.

Риояи регионализми ошкоро, ҷустуҷӯи роҳҳои ба ҳам пайвастани лоиҳаҳои мухталифи ҳамгироӣ, таъмини рушди инклюзивию транспарентӣ ва татбиқи усулҳои ҳамкории мутақобилан муфид ва баробарҳуқуқ омили асосии расидан ба ин мақсадҳо мебошанд.

Дар робита бо ин, ибтикори Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин  Си Ҷинпин дар мавриди ташаккули муштараки «минтақаи иқтисодӣ» қад-қади роҳи абрешим аҳамияти зиёди таърихӣ дошта, берун аз доираи як минтақа мебарояд. Мо онро боз як имконияте барои ҳалли вазифаи стратегии рушди муштарак, таъмини густариши иқтисодии якдигар, ҷойивазкунии озодтар ва амалкарди қисмҳои таркибии он мешуморем.

Тоҷикистон дар яке аз чорроҳаҳои ҷоддаҳои Осиё қарор дошта,  метавонад мақоми пули пайвасткунандаи байни Чин ва кишварҳои дигари ҳамсарҳади минтақаро дошта бошад. Мо расо 10 сол муқаддам роҳи мустақими мошингарди байни Чину Тоҷикистонро кушодем. Имрӯзҳо беш аз 60% муомилоти дуҷонибаи мол ба нуқтаи гузаргоҳи «Қулма/Қарасу» рост меояд. Бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки вай дарвозаи дӯстию ҳамкории ду кишвари ҳамсоя аст.

Тоҷикистон иштирокчии лоиҳаи калони минтақавӣ ҷиҳати кашидани лӯлаҳои нави газ аз Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин  мебошад. Моҳи сентябри соли 2014 ҳангоми сафари Раис Си Ҷинпин ба кишвари мо татбиқи он оғоз ёфта буд.

Тавассути ин лоиҳа барои иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 3 миллиард доллар равона мегардад. Садҳо ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешаванд. Ҳамзамон вазифаҳои дорои хусусияти иҷтимоӣ ҳал мешаванд; нуқтаҳои аҳолинишини қад-қади қитъаи тоҷикистонии лӯлаи газ набзи тоза мегиранд.

Асосаш он аст, ки лоиҳаҳои зикршуда якҷоя бо роҳҳои фаъоли нақлиётии мавҷудаи самтҳои шимолу ҷануб ба ҳамбастагии минтақавӣ ҳам дар қиёси иқтисодӣ ва ҳам дар қиёси тамаддуни умуми он мусоидат мекунанд. Ин ба воқеияти таърихӣ, ҳамчунин ба ибтикороти нави ҳамгироӣ дар фазои Авруосиё мувофиқат мекунад.

Дар робита ба ин, мехостам таваҷҷуҳи ҳамтоёни муҳтарамро ба он ҷалб намоям, ки натоиҷи саммити бақарибӣ дар шаҳри Душанбе доиршудаи Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳошияи ташкили низоми минтақавии ҳамбастагии маҷмӯӣ низ мантиқан мувофиқат мекунанд. Созишномаи имзошуда дар бораи фароҳам овардани шароити мусоид барои интиқоли нақлиётӣ якеи онҳо ба шумор меравад. Ин Созишнома аз нуқтаи назари ташаккули инфрасохтори судманди минтақавӣ аҳамияти таъхирнопазир дорад. Ин аҳд бояд бо василаи мувофиқату тасвиби Барномаи рушди ҳамоҳангшудаи роҳҳои мошингарди давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай минбаъд ҳам рушду густариш ёбад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст: танҳо 7 фоизи ҳудуди онро водиҳо ташкил медиҳанд. Яке аз вазифаҳои бароямон мураккабтарин ин таъмини дастрасии шаҳрвандони кишвар ба ҳар гӯшаи он дар ҳар фасли сол аст. Дар робита ба ин, мо ба рушди босуръати шабакаи роҳҳои автомобилӣ ва оҳани дохилию байналмилалӣ таваҷуҳи хосса зоҳир менамоем. Таваҷҷуҳи мо ба ҷалби манбаъҳои иловагии бо маблағ таъмин намудани лоиҳаҳои инфрасохторӣ бештар аст. Онҳо метавонистанд ба мантиқи умумии бунёди низоми «Як минтақа, як роҳ», ки онро ҷониби Чин пешниҳод кардааст, ба таври мувозинат ворид гардад.

Дар робита ба ин, дари Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамкории зичтар бо Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, Бонки рушди Авруосиё, Иттиҳодияи байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай боз аст. Мо ба сармояҳои инфрасохтории таъсисдиҳандаи Бонки Осиё ва Бонки рушди БРИКС умеди хоса дорем. Дарҳои мо ҳамчунин ба рӯи ҳамкории мутақобилан муфид бо сохторҳои молиявии минтақавию миллӣ бозанд.

Онро ба назари эътибор мегирем, ки робитаи мутақобила ҳамзамон заминаю оқибати таъмини сулҳ ва рушду густариш ба шумор меравад. Минтақаи мо дучори бисёр хавфу хатари анъанавию ғайрианъанавӣ гардидааст.

Таҳдидҳои терроризм, ифродгароӣ ва сепаратизм, ҷинояткорӣ дар сарҳад ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аҳамияти ҳарчи бештар касб мекунанд. Мо дар ҳалли ин мушкилоти мубрам ба саъю кӯшишҳои муштарак дар ҳошияи Созмони Ҳамкории Шанхай барои суботи вазъияти Афғонистон ва ҷалби он ба равандҳои ҳамкории фаъоли иқтисодии минтақавӣ мақоми хос медиҳем.

Изҳори умедворӣ менамоем, ки қарорҳое, ки дар доираи Форуми Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором (АТЭС) қабул мешаванд, ба роҳандозии ҳамкории хушсифат, рушди муштарак ва шукуфоии давлату халҳои минтақаи васеамон мусоидат мекунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520