Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҳамоиши “Муколама доир ба таҳкими шарикӣ дар соҳаи ҳамбастагӣ” дар чаҳорчӯби ҳамоиши созмони Ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором

08.11.2014 18:50, Чин

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар ҳамоиши “Муколама доир ба таҳкими шарикӣ дар соҳаи ҳамбастагӣ” дар чаҳорчӯби ҳамоиши созмони Ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин оғоз ёфт.

Барои иштирок дар ин ҳамоиш дар шаҳри Пекин роҳбарони давлатҳо ва ё ҳукуматҳо аз 8  кишвари қитъаи Осиё – Чин, Тоҷикистон, Покистон, Муғулистон, Бангладеш, Камбоҷа, Лаос ва Мянмар ва ҳамчунин роҳбарияти созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ба ҳам омаданд.

Тавре зикр гардид, яке аз мавзӯъҳои асосии ин муколама ташкили камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим ва густариши робитаҳо миёни кишварҳои Осиё ва минтақаи уқёнуси Ором аст.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ, пеш аз ҳама ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барои даъват ба ин ҳамоиш ва сатҳи баланди пазироию меҳмоннавозӣ арзи сипос кард. Ӯ ҳамчунин ба ташаббуси Чин доир ба роҳандозии муколама бо кишварҳои ғайриаъзои созмони Ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором баҳои баланд дода, онро нишонаи ҷаҳди ин давлат ба густариши ҳамбастагии ҳамаҷонибаи минтақавӣ номид. Таъкид гардид, ки густариши робитаҳои иқтисодию нақлиётӣ дар чунин доираи васеъ барои Тоҷикистон барин кишварҳои осиёӣ, ки роҳҳои баҳрӣ надоранд, басо муҳим аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси роҳбарияти Чинро доир ба ташкили камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим дорои аҳамияти таърихию тамаддунӣ номида, изҳор дошт: “Мо инро боз як имкони ҳалли вазифаи стратегии рушди муштараки минтақавӣ мешуморем”.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз имзо шудани Созишномаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи муҳайёсозии шароити мусоид барои боркашонии автомобилӣ ва раванди мувофиқасозии Барномаи рушди ҳамоҳанги роҳҳои мошингарди давлатҳои аъзои ин созмон ёдовар шуда, изҳори бовар намуд, ки ташкили чунин ҳамкорӣ дар минтақаҳои аз ин васеъ ба нафъи кулли кишварҳои Осиё аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520