Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулодда ва мухтори 9 давлати дигар эътимоднома қабул намуд.
Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири Шоҳигарии Нидерланд Дриссер Генри Юберро, сафири Ҷумҳурии Ирландия Оун О’Лири, сафири Ҷумҳурии Эстония Яан Рейнхолд, сафири Босния ва Герсеговина Эдиб Буквич, сафири Молдова Андрей Галбур, сафири Малайзия Дато Норъайнӣ, сафири Давлати Исроил Кармела Шамир, сафири Канада Шон Стайл ва сафири Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла Аменутип Замрану эътимодномаҳои худро тақдим намуда, расман ба фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон шуруъ намуданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоро бо таъин шуданашон ба ин мақоми баланд шодбош гуфта, изҳори бовар намуд, ки саҳми онҳо дар тавсиаи робитаҳо ва дастёбӣ ба натиҷаҳои назаррас намоён хоҳад буд.