Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

26.02.2015 12:33, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Гвардияи миллӣ ва Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиа пешниҳодшударо барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.

Барои таъин ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералӣ номзадии Назарзода Ҳотам Назрулло, муовинони прокурори генералӣ Осимзода Муҳаммадиброҳим ва Ваҳобов Валӣ Манонович, Муовини прокурори генералӣ-Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Сафаралӣ Раҳим ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аламхони Қодирён, ки то имрӯз ба ҳайси муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа мекард, муовини якум Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъин карда шуд.

Ҳамчунин барои таъин ба вазифаи Раиси Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиа номзадии Лангариев Файзалӣ Салмонович пешниҳод гардид.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар асоси эродҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор гардида буд, роҳбарони аксари воҳидҳои сохтории Прокуратураи генералӣ, прокуророни ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз вазифа озод гардида ба ҷойи онҳо кадрҳои ҷавону варзида ва соҳибкасб таъин гардиданд. Тағйиротҳои кадрӣ дар мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ин соҳаҳо идома дорад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҳамаи кормандони мақомоти Прокуратура ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ аз аттестатсия гузаронида шаванд.

Зимни сӯҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои масъул пешниҳодшуда Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ба халқу Ватан, бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии соҳаҳои мазкур ва муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳидоят намуд.

 

Назарзода Ҳотам Назрулло

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, тибқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Назарзода Ҳотам Назруллоро барои таъин намудан ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Назарзода Ҳотам Назрулло соли 1957 дар ноҳияи Данғара таваллуд ёфтааст. Маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 30 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси коромӯз дар вазифаи ёрдамчии прокурори ноҳияи Зафаробод оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Уротеппа, муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ленин, мудири маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Данғара, муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Бохтар, муовини прокурори ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, сардори раёсати тафтишотии прокуратураи вилояти Хатлон, муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Бохтар, муовини прокурори шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон, муовини прокурори шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, муовини прокурори ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, прокурори ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ва прокурори ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон кор кардааст.

Аз январи соли 2007 то имрӯз дар вазифаи прокурори нақлиёти Тоҷикистон фаъолият кардааст.

 

Осимзода Муҳаммадиброҳим

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, тибқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Осимзода Муҳаммадиброҳимро барои таъин намудан ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Осимзода Муҳаммадиброҳим соли 1959 дар шаҳри Ангрени Ҷумҳурии Узбекистон таваллуд ёфтааст. Маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 33 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси коромӯзи прокуратураи ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои ёрдамчии прокурори ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе, ёрдамчӣ, ёрдамчии калони прокурори шаҳри Душанбе, прокурори шӯъбаи назорати иҷрои қонунҳо оиди ноболиғон ва ҷавонони прокуратураи РСС Тоҷикистон, муовини прокурори ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оиди ноболиғон ва ҷавонони прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шӯъбаи кадрҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати назорати қонунӣ будани қарорҳои судҳо оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ ва хоҷагии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати назорати қонунӣ будани қарорҳои судҳо оид ба парвандаҳои гражданӣ ва иқтисодии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шӯъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, таъминоти ҳуқуқӣ ва маркази ахбори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз январи соли 2015 то имрӯз дар вазифаи прокурори ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият намудааст.

 

Ваҳобов Валӣ Манонович

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, тибқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Ваҳобов Валӣ Маноновичро барои таъин намудан ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Ваҳобов Валӣ Манонович соли 1963 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд ёфтааст. Маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 26 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси коромӯз дар вазифаи ёрдамчии прокурори ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои ёрдамчии прокурори ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе, прокурори шуъбаи назорати риояи қонунҳо дар мақомоти амният ва муносибатҳои байналмиллалии прокуратураи РСС Тоҷикистон, муфаттиши калони прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе, ёрдамчии калони прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе, муовини сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Раёсати прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе, прокурори калони ҳарбии шуъбаи назорати қонунӣ будани қарорҳои судҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва иқтисодии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи омор ва таҳлили прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз марти соли 2011 то имрӯз дар вазифаи сардори шӯъбаи омор ва таҳлили Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

 

Мирзозода Сафаралӣ Раҳим

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, тибқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Мирзозода Сафаралӣ Раҳимро барои таъин намудан ба вазифаи муовини Прокурори генералӣ- Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Мирзозода Сафаралӣ Раҳим соли 1968 дар ноҳияи Восеъ таваллуд ёфтааст. Маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 20 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои муфаттиши калони прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе, прокурори ҳарбии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфаттиш, муфаттиши калони шӯъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, муовини аввали прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе, сардори шӯъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, муовини Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурори ҳарбии гарнизони Суғд кор кардааст.

Аз моҳи майи соли 2014 то имрӯз дар вазифаи муовини аввали прокурори шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

 

Наими Аламхони Қодириён
Муовини якуми Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Наими Аламхони Қодириён соли 1967 дар ноҳияи Шурободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст, маълумоташ олӣ. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро дар Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстил»и- шаҳри Душанбе оғоз карда, минбаъд муҳосиби РТО-и «Продтовары», бригадири калони ширкати «Нафиса» дар шаҳри Душанбе, Муҳосиб тафтишотчии Идораи тафтишотии назоратии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мутахассис, мутахассиси пешбар, иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи банақшагирии хароҷотҳои соҳаи иҷтимоӣ, иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи идоракунии буҷетҳои маориф, илм ва фарҳанги Раёсати буҷетҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, муовини сардори Департементи буҷети давлатӣ, Муовини сардори Департамент - Сардори раёсати сиёсати инвеститсияҳои давлатии Департаменти буҷети давлатӣ, Муовини сардори Сарраёсат - сардори раёсати сиёсати инвеститсияҳои давлатии Сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз декабри соли 2013 то феврали соли 2015 дар вазифаи Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2015 ба вазифаи Муовини якуми Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

 

 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520