Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 5 – ум

17.03.2015 15:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 5 – ум иштирок ва суханронӣ намуд.

Кори иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати нави вакилони мардумӣ, ки рӯзи 1 марти соли равон интихоб шуданд, пас аз ба толор ворид шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакили аз ҳама калонсол, Раиси ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров кушода эълон гардид.

Дар оғози иҷлосия тартиби инъикоси ҷараёни кори иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма муайян шуда, Комиссияи муваққатии баҳисобгuрии овозҳо оид ба интихоби роҳбарони сохторҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Сипас тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилон Олимҷон Сафаров, Хайринисо Юсуфӣ, Рустам Латифзода ва Дилшод Исматуллоев номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии № 12 – Рашт Шукурҷон Зуҳуров пешниҳод карда шуд.

Тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ба мақоми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овози ҳамаи вакилон Шукурҷон Зуҳуров интихоб карда шуд.

Сипас бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Котиботи иҷлосия, Муовини якум ва муовинони раиси Маҷлиси намояндагон тавассути воситаҳои овоздиҳии электронӣ интихоб карда шуданд. Ба вазифаи Муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва муовинҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ва вакил аз ҳавзаи интихоботии № 41 – Хоруғ Акрамшо Фелалиев интихоб гардиданд.

Пас аз интихоби роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, пеш аз ҳама вакилони нави парлумони кишварро бо инхихоб шуданашон ба ин мақоми баланду пурмасъулият табрику таҳният гуфт. Ҳамчунин ба роҳбарияти тоза интихобшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханҳои шодбошӣ гуфта шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди касбии ҳайати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноат карда, аз ҷумла хотирнишон намуд, ки 12 нафар вакил занон, гурӯҳи калони онҳо ҷавонони болаёқату ташаббускор, 2 академик, 8 доктори илмҳо ва 17 нафар номзади улум мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари иҷрои вазифаи асосии худ, яъне таҳия ва қабули қонунҳое, ки ба нафъи ҷомеа ва давлат нигаронда шудаанд, ҳамчунин рафти иҷрои қонунҳо ва қарорҳои қабулшударо бояд пайваста зери назорат бигирад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаҳои пурмасъулияту тақдирсоз, ки дар назди Ҳукумат ва Парлумони Тоҷикистон барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна, таъмини рушди босуботи кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум истодаанд, ёдовар шуда, изҳори бовар намуд, ки давоми панҷ соли фаъолияти ҳайати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои тақдирсоз ноил мегардад.

Баъд аз ин бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва овоздиҳии вакилон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 кумита ва 3 комиссия таъсис ёфт ва раисони ин сохторҳо интихоб карда шуданд.

Ҳамин тариқ, интихоб шуданд:

Маҳмадалӣ Ватанов - раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон;

Ҷӯрахон Маҷидзода - раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният;

Шариф Раҳимзода - раиси Кумитаи иқтисод ва молия;

Рустам Латифзода - раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экология;

Олим Салимзода - раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот;

Лутфия Раҷабова - раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон;

Ҳилолбӣ Қурбонзода - раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ;

Абдураҳим Холиқзода - раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ;

Садриддин Шарипов - раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия;

Олимҷон Бобоев - раиси Комиссияи экологӣ;

Муродулло Давлатзода - раиси Комиссия оид ба одоби вакилон;

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода - раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор.

Ба ҳамин тартиб, Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якум ва муовинони раис ва раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520