Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии Сарони давлатҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

12.08.2011 18:00, Қазоқистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии Сарони давлатҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон ба шаҳри Остона сафар кард.

Дар ҳамоиши ғайрирасмӣ Сарони давлатҳои аъзои ин созмон – Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва қирғизистон иштирок намуданд.
Зимни мулоқоти ғайрирасмӣ сарони давлатҳо доир ба нақшаҳои ояндаи миёнамўҳлати Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, роҳҳои пешгирӣ аз хатару чолишҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва қаламрави масъулияти созмон, ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амнияти иттилоотӣ табодули назар карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳо изҳори боварӣ карданд, ки тавофуқоти ҳосилшуда заминаи хубе мешавад барои қабули қарорҳои судбахш дар ҳамоиши навбатии расмии роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва умуман барои беҳсозии ҳамоҳангии фаъолияти муштарак.

Зимни ҳамоиши ғайрирасмӣ ва дар ҳошияи он Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо сарони давлатҳои алоҳидаи аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сўҳбатҳои судбахш анҷом дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520