19 ноябр Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарони давлатҳои Федератсияи Россия - Борис Николаевич Елсин, Қазоқистон - Назарбоев Нурсултон Абишевич, Қирғизистон - Акаев Аскар Акаевич ва Ӯзбекистон - Каримов Ислом Абдуғаниевич муроҷиатнома ирсол кард, ки дар он гуфта мешавад:
"Вазъи ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тадбирҳои андешидашуда нигоҳ накарда, торафт муташанниҷ мегардад. Задухӯрдҳои мусаллаҳонаи тарафҳои муқобил давом доранд. Хуни одамони бегуноҳ мерезад. Шумораи гурезагон рӯз то рӯз меафзояд. Хавфи ҳамчун давлати мустақил барҳам хӯрдани Тоҷикистон ва ҳамчун миллат нобуд шудани тоҷикон ба миён омадааст.
Дар ин рӯзҳои душвор қисмҳои дивизияи 201-уми пиёданизоми Федератсияи Россия бо хоҳиши ҳукумати ҷумҳурӣ баъзе корхонаву муассисаҳоро ҳимоя карда, ба таъмини режими фавқулодда дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ мекунад.
Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъият ба раисони мамлакатҳои ИДМ, иштироккунандагони мулоқоти шаҳри Алмаато муроҷиат карда, хоҳиш менамояд, ки дивизияи 201-уми пиёданизом асоси қувваҳои дастаҷамъии ҳомии сулҳ гардад ва ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар ин масъала ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки худро дареғ надоранд".