Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Рӯшон

29.07.2015 08:55, ноҳияи Рӯшон

Субҳи имрӯз баъди иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим ва мулоқоти судманд бо сокинони ноҳияи Дарвоз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ин ҷо ба ноҳияи Рӯшон сафар кард.

Боздиди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон аз маросими истиқболи Сарвари давлат дар фурудгоҳи ноҳия оғоз гардид. Сокинони ноҳияи Рушон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро хеле гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон аз гузоштани санги асоси бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон оғоз гардид.

Бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон дар масоҳати 0,45 гектар бунёд шуда, аз ду ошёна иборат аст. Арзиши лоиҳавии сохтмон 8 миллион сомонӣ буда, дар корҳои сохтмонӣ асосан мутахассисони маҳаллӣ ҷалб мегарданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо сохтмончиён онҳоро ба кори пурсамар ва босифат ҳидоят карда, изҳор дошт, ки ин иншоот бояд солҳои зиёд ба мардум хизмат расонад аз ин ру он бояд ба меъёрҳои меъмории замони муосир ҷавобгу бунёд гардад.

Ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои иҷрои корҳои босифат дар рафти бунёди Бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон дастурҳои мушаххас дода шуд.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар маркази ноҳия барои 460 ҷойи нишаст иштирок кард.

Корҳои сохтмонӣ соли 2012 оғоз гардида, пудратчии сохтмон Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди “Шарқ” мебошад. Қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дар он 12 утоқи корӣ, толори бошукуҳи замонавӣ ва дигар биноҳои ёрирасон мавҷуд аст.

Арзиши лоиҳавии сохтмон 6 миллиону 300 ҳазор сомонӣ аст.

Дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг хонандагони мактаб дар васфи ватан суруд иҷро карданд, ки ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон писанд омад.

Қасри фарҳанги ноҳия дар як мавзеи хеле хуб бо тарҳи зебо дар масоҳати 0,50 гектар бунёд гардидааст ва он як макони фарҳангу фароғатии сокинон мебошад, ки Сарвари давлат ба мардуми ин ноҳия тақдим кард. Акнун сокинони фарҳангдӯсти ноҳияи Рӯшон бо истифода аз ин имкони хеле мусоид истифода бурда, метавонанд тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ, маҷлису тантанаҳои идона ва дигар озмуну фестивалҳоро дар сатҳи зарурӣ баргузор намоянд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ноҳия ва сохтмончиён барои дар оянда бо тарҳи меъмории миллӣ ороиш додани саҳна ва дохили толори Қасри фарҳанг супоришҳои иловагӣ дод.

Баъди ба истифода додани иншооти муҳими фарҳангӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди сокинону фаъолон ва ҷавонони ноҳия, ки барои истиқболи Сарвари давлат ҷамъ омада буданд, суҳбати самимӣ доир кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520