Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти корпоратсияи Чайна Глобал Технолоҷӣ (China Global Technologi) Ширкати коркарди маъдани тоҷикию чинӣ Хуан Ҷяншун

02.09.2015 09:37, Чин

Имрӯз ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти корпоратсияи Чайна Глобал Технолоҷӣ (China Global Technologi) Ширкати коркарди маъдани тоҷикию чинӣ Хуан Ҷяншунро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат масоили вобаста ба густариши ҳамкорӣ доир ба коркарди маъдан дар Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Ширкати саноатии Тоҷикистону Чин» дар ҳудуди шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ мавҷуд аст ва ҳамкорӣ бо Ширкати коркарди маъдани тоҷикию чинӣ яке аз ҳадафҳои бобарор дар ин самт мебошад.

Моҳи июни соли 2007 дар заминаи Идораи маъдани Олтин-Топкан Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин»  таъсис ёфта, расман ба фаъолият шурӯъ намуд.

Ширкат корҳои барқарорсозии конҳои маъдани зеризаминиро дар моҳи августи соли 2007 оғоз намуда, 18-декабри соли 2007 ба сохтмони корхонаи бойгардонӣ бо ворид намудани дастгоҳҳо, техника ва мутахассисон оғоз намуд. Ширкат корҳоро дар барқарорсозии кони Зарнисор, Пай-Булоқ, сохтмони фабрикаи бойгардонӣ, партовгоҳ, обамбор, коргоҳҳои ёрирасон, биноҳои маъмурӣ маишӣ ва ғайра ҷоннок намуда, мутобиқи ҳисоботҳо аз соли 2007 то 1 апрели соли 2015 ҳаҷми сармояи воридшуда аз ҷониби ҷамъият зиёда аз 121,4 млн. доллари амрикоиро ташкил намудааст

Моҳи сентябри соли 2014 Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ оид ба лоиҳаи «Минтақаи саноатии Тоҷикистон ва Хитой» ба имзо расонида шуд.

Мақсади ин санад ривоҷ додани соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ, технологияҳои нави истеҳсолӣ, ба кор даровардани иқтидорҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини сокинони маҳаллӣ бо кор, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, равнақ додани инфрасохтори минтақаҳои саноатӣ ва зиёд намудани маҳсулоти саноатии содиротшаванда мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520