Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 дар шаҳри Турсунзода

18.09.2015 09:57, шаҳри Турсунзода

Устодону омӯзгорон, падару модарон ва хонандагони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Мо имрӯз ба диёри мардуми заҳматқарину меҳмоннавози шаҳре, ки ба ифтихори фарзанди фарзонаи халқамон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода номгузорӣ шудааст, омадем ва аз наздик мушоҳида кардем, ки шаҳр ба туфайли ташаббусу иқдомҳои давлату Ҳукумати кишвар ва заҳмати содиқонаву софдилонаи сокинони он хеле ободу зебо шудааст.

Имрӯз мо ҳамчунин дар маросими расмии ифтитоҳи мактаби навбунёд, ки аз ҷумлаи иншооти ба истиқболи ҷашни 24-умин солгарди истиқлолияти Ватани маҳбубамон бунёдгардида мебошад, ширкат дорем.

Ба ин муносибат, яъне ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 ҳамаи омӯзгорону хонандагон, падару модарон ва сокинони шаҳри Турсунзодаро табрик гуфта, бовар дорам, ки шогирдони ин даргоҳи нави маърифат бо истифода аз шароити мусоиди таълимӣ барои азхуд намудани илму донишҳои замонавӣ дучанд саъю талош мекунанд ва дар ин ҷода ба ҳамаи онҳо муваффақият мехоҳам. 

Мактаб макони муқаддасе мебошад, ки хонандагон дар оғӯши он аз рукнҳои асосии худшиносиву худогоҳии миллӣ, аз қабили дарки ҳувияти миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, одобу ахлоқи ҳамида, илму дониш ва хештаншиносиву тафаккури созанда бархурдор мегарданд.

Ва албатта, амалӣ гардидани ин кори нек ва ба камол расонидани насли тарбияву таҳсилдида, пеш аз ҳама, ба заҳмати устодону омӯзгорон ва ғамхориву саъю талоши якҷояи падару модарон ва аҳли ҷомеа вобаста мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, Ҳукумати мамлакат рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат эълон карда, ба масъалаи баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар рушди нерӯи инсонӣ ва умуман ҳаёти ҷомеа эътибори ҷиддӣ медиҳад ва муаллимро аз ҷумлаи қувваҳои асосии пешбаранда ва фаъоли ҷомеа меҳисобад ва барои самаранок гардонидани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тамоми тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад.

Муассисаи таълимии навбунёд, ки мо ҳоло дар он қарор дорем, барои 800 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, бо харҷи қариб 10 миллион сомонӣ аз ҳисоби  буҷети давлат бунёд гардидааст.

Мактаб аз 26 синфхона, озмоишгоҳу синфхонаҳои компютерӣ, утоқҳои ёрирасон, китобхонаву ошхона, маҷлисгоҳ ва толору майдони варзишӣ иборат мебошад.

Яъне мо барои илму донишомӯзии шумо, фарзандони азиз, ки умеду орзуи мо ва соҳибони ояндаи Ватанамон мебошед, тамоми шароити муосирро муҳайё кардаем.

Шумо бояд тамоми кӯшиши худро ба он сарф кунед, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, соҳиби одобу ахлоқи намунавӣ гардед, то ки баъди хатми мактаб ва азхуд кардани касбу ҳунарҳои интихобкардаатон ҳамчун фарзандони содиқу вафодор ба Ватани маҳбубамон сарбаландона хизмат намоед.

Чунки ҳар як толибилм маҳз ба туфайли мактаб илму донишҳои гуногунро меомӯзад, соҳибхираду бомаърифат мегардад, бо таъриху фарҳанги гузаштаи халқи худ ошноӣ пайдо карда, ҳамчун шахсият комил мешавад ва баъдан роҳи зиндагии худро мустақилона идома мебахшад.

Бояд гуфт, ки мақому мартабаи дониш дар ҳамаи давру замонҳо баланд қадр карда шуда, хусусан имрӯзҳо, ки техникаву технологияҳои навтарин ба зиндагии мардумон ба таври васеъ ворид гардидааст, шумо фарзандони азиз низ ба омӯхтани илмҳои замонавӣ, ҳамчунин омӯзиши  забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ ҷиддӣ машғул шавед.

Илму дониш ва ақлу хирад дар зиндагии башар ҳамеша дар ҷойи аввал қарор дорад.

Бузургони гузаштаамон беҳуда донишро чароғи равшани қалби инсон ва дар ҳар мушкилии ҳаёти одамон ҷавшан ё воситаи ҳалли мушкилот нагуфтаанд.

Бинобар ин, кӯшиш бояд кард, ки бар иловаи илмомӯзӣ, бо истифода аз имкониятҳои муҳайёгардида ҳар рӯзи ҳаёти худро барои хуб азхуд кардани технологияҳои муосири иттилоотӣ, инчунин ҳунарҳое сарф намоед, ки оянда дар зиндагиатон ба кор меоянд.

Дар ин роҳ ҳар яки шумо метавонед аз донишу таҷриба ва малакаи ҳаётии устодони худ истифода кунед.

Фарзандони азиз!

Тавре ки огоҳед, вақтҳои охир дар як қатор минтақаву кишварҳои дунё низоъҳои бисёр хатарнок ба амал омада истодаанд, ки дар натиҷаи нооромиву задухӯрдҳои мусаллаҳона одамони бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакон қурбон мешаванд ё ҳамроҳи падару модарони худ тарки ватан карда, аз одитарин шароити зиндагӣ ва дарсхониву мактаб маҳрум мегарданд.

Аз ин лиҳоз, шумо бояд шукрона кунед, ки Ватани мо тинҷу ором аст ва мо ҳамаи шароити заруриро бароятон муҳайё кардаем.

Бори дигар таъкид месозам, ки шумо бояд бо ғайрати ҷавонӣ ҳамеша саъй кунед, ки вазифаи асосии худ, яъне омӯхтани илму донишро аз таҳти дил иҷро намоед ва барои обод кардани сарзамини аҷдодиамон – Тоҷикистон аз ҳоло омода бошед.

Дар ин рӯзи воқеан хотирмон аз шумо, фарзандони азиз як талаб дорам, ки ҳамаатон ба монанди шоири бузург, устод Мирзо Турсунзода, ки роҳи моро бо нури илҳом ва эъҷози суханҳои волояш мунаввар карда, бо шеърҳои пурмазмуни худ дар васфи Ватан, модар, сулҳу дӯстӣ, инсонпарварӣ ва меҳрубониву муҳаббат Тоҷикистони моро дар ақсои олам шуҳратёр намудааст, номбардори халқу Ватани маҳбуби худ гардед. 

Дар фарҷом барои устодони арҷманду шогирдони азиз ва ҳамаи шумо, сокинони шаҳри зебои Турсунзода ифтитоҳ гардидани муассисаи нави таълимиро бори дигар табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хушбахтӣ, хониши хубу аъло ва дастовардҳои тоза орзу менамоям.

Ҳамеша сарбаланду комёб бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520