Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз Хоҷагиҳои деҳқонии «Ватан» ва «Ҳоҷӣ Неъмат»

18.09.2015 11:56, шаҳри Турсунзода

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов ташриф оварда, аз фаъолияти токпарварони номдору собиқадори Хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат», «Ватан» ва Боғи Сомон шинос шуд.

Хоҷагии деҳқонии «Ватан» ду хоҷагии оилавиро муттаҳид карда, соли 2008-ум ташкил шудааст.

Хоҷагӣ дар ихтиёри худ 18 гектар замин дорад, ки аз ин шумора 8 гектараш обӣ, 4 гектарро токзор ва боқимонда боғҳои донакдору тухмдор ташкил медиҳад ва дар он 18 нафар саҳмдор ҳамвора заҳмат мекашанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди худ аз заминҳои солҳои сол бекорхобидаи хоҷагӣ дидан кард, ки  баъди ворид кардани пойгоҳи обкашӣ 60 гектар замини санглохи хоҷагӣ аз нав ба гардиши кишоварзӣ даровардаю соли ҷорӣ токзори нав шинонида шуд.

Барои шодоб кардани ин мавзеъ бо харҷи 700 ҳазор сомонӣ пойгоҳи интиқоли оби полезӣ ва 1,5 километр қубурҳои обгузар, се километр наҳри обгузар аз нав барқарор шуда, аз баракати он мавзеъи  40 сол ташналаб шодоб гардид.

Баъди шиносоӣ бо кори ибратбахши хоҷагии Ватан, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии деҳқонони шаҳрро тамошо кард.

Хоҷагии  деҳқонии «Хоҷӣ Неъмат» бошад, дар майдони 105 гектар замин доман густурдаааст, ки дар қисми бештари заминҳо бунёди токзори замонавиро ташкил медиҳад.

Дар замини мазкур гандум кишт карда мешуд, ки аз норасоии об ҳосили ночиз мегирифтанд. Соли ҷорӣ бо иқдоми роҳбарияти хоҷагӣ аз қаламчаҳои дар ниҳолхонаи назди  хоҷагӣ  парвариш карда, ангурҳои навъи «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед»-ро шинонидаанд, ки нашъунамои хуб доранд.

Аҳли заҳмат бо истифода аз ҳар як ваҷаб замини байни қатори токзорро самаранок истифода бурда, дар он 15 гектар тарбуз, 20 гектар помидору бодиринг кишт карданд, ки  аз як гектари он  40-50 тонна тарбуз ва аз 20 гектар помидору бодиринг 50-60 тонна ҳосил рӯёнидаанд.

То имрӯз танҳо аз ҳисоби сабзавоту полезиҳо 150 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ворид шуда бошад ҳам, дар саҳро ҳанӯз ҳосил зиёд аст.

Баъди ба гардиши кишоварзӣ ворид шудани заминҳои ташналаб имкон даст дод, ки 100 нафар сокинони деҳаи Янгибоғи ҷамоати Ҷӯра Раҳмонов бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин шудаанд, ки маоши онҳо 600 сомонро ташкил менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин ташаббуси роҳбарияти хоҷагии оилавиро намунаи ибрат барои дигарон хонда, онро дар таъмини дастурхони мардум бо маҳсулоти ниёзи аввалия муҳим арзёбӣ кард.          

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди хоҷагии «Ҳоҷӣ Неъмат» аз майдонҳои ин токпарвари асил шинос шуд, ки дар он шаш номгӯи ангурҳои хуштамъ бо санъати баланди касбӣ  парвариш меёбад.

Аз хушаҳои ҳосили фаровони токҳои ангур айён аст, ки онҳо ҳамасола аз ин пешаи худ ҳосили дилхоҳ мегиранд.

Айни замон аз ҳосили токпарварони хоҷагӣ тоҷирони Қирғизистону Қазоқистон ва Федератсияи Россия харидорӣ менамоянд. Ҷиҳати захира кардани ҳосили боғот масъулин сардхонаи замонавӣ бунёд кардаанд, ки ғунҷоиши он 500 тоннаро ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз сардхонаи хоҷагии мазкур дидан кард. Масъулин иттилоъ доданд, ки сардхона дорои 12 нуқтаи нигоҳдори маҳсулот мебошад. Таҷҳизоти сардхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи 2 миллион сомонӣ ворид гардид, ки барои бо сифат нигоҳ доштани маҳсулот басо мувофиқ мебошад. Хоҷагӣ дар баробари ангурпарварӣ ба соҳаи ниҳолпарварию чорводорӣ низ диққати ҷиддӣ дода, дар ниҳолхонаи назди хоҷагӣ 20 номгӯи ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда парвариш мегардад, ки ҳамасола барои сарсабз кардани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, инчунин ба қисмҳои низомӣ мамлакат 10 ҳазор дона ниҳол ройгон тақсим  мешавад.

Мутахассисону боғпарварон дар ниҳолхонаи хоҷагӣ аввалин шуда, такпайванди  ниҳолҳои интенсивиро аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид ва нигоҳубиниашро ба роҳ мондаанд. Онҳо мақсад доранд, ки  шумораи ин намуди дарахтони серҳосилро ба 20-30 ҳазор  қаламча расонида, бунёди чунин боғҳои замонавиро ба роҳ мемонанд.

Бо ташаббуси сокинони деҳа ва кӯмаки роҳбарияти хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» 2 километ роҳи деҳа аз нав мумфарш гардид. Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷи Неъмат» 160 саҳмдор фаъолият доранд.

Зимни шиносоӣ аз хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳқонони асил барои дастгирии ташаббусҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат баҳри ободии Ватан арзи сипос карда, ба онҳо барори кор таманно намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520