Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Туркия Мустафо Исенро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла оид ба татбиқи санадҳои зиёди қарордодӣ-ҳуқуқӣ, ки дар сатҳи сарони ду давлат ва дигар зинаҳо ба имзо расидаанд, баррасӣ шуд.
Мустафо Исен аз номи Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки барои иштирок дар Саммити сатҳи олии Машварати ҳамгироӣ ва таҳкими боварӣ дар Осиё ба Истамбул ташриф барад.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузории чунин ҳамоишро бисёр муҳим арзёбӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт: - «қитъаи аз ҳама бузурги ҷаҳон бояд чунин механизми ҳамоҳангсозии манфиатҳо ва тавсиаи ҳамкориҳоро дошта бошад ва муколамаи созанда оид ба амнияту субот ва рушду пешрафт талаби замон аст».
Таҳким ва густариши минбаъдаи робитаҳои судбахши ду кишвар, аз ҷумла бо ҷалби бештари соҳибкорону сармоягузорони Туркия ба Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сиёсӣ ва илмию фaрҳангӣ матлуб дониста шуд.