Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ Шоҳзода Абдулазиз ибни Абдуллоҳ оли Сауд

29.03.2013 12:27, шаҳри Душанбе

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Гуфтугӯйи ҳамкории Осиё як қатор иштирокдорони воломақоми ҷаласаро ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ бо Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ Шоҳзода Абдулазиз ибни Абдуллоҳ оли Сауд масоили густариши ҳамкорӣ бо ин кишвари соҳибнуфузи олами ислом баррасӣ шуд.

“Тоҷикистон ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Мамлакати Арабистони Саудӣ аҳамияти хоса медиҳад ва қаноатмандем, ки равобити сиёсии мо, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, бар асоси эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ сурат мегирад”, -изҳор дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки “мо инро хеле арзишманд медонем”.

Гуфтугӯйи созанда доир ба робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ сурат гирифт.

Зарурати татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқии мавҷуда, фаъолияти бештари комиссияи муштараки байниҳукуматии ду кишвар ва тавофуқоти муҳиме, ки зимни форуми дуюми соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ моҳи июни соли 2011 дар шаҳри Душанбе ба даст омада буд, таъкид гардид.

Ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар созмонҳо табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520