Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо собиқ Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Таксин Шинаватра

29.03.2013 13:13, шаҳри Душанбе

Дар вохӯрӣ бо собиқ Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Таксин Шинаватра, ки яке аз муассисони Муколамаи ҳамкорӣ дар Осиё мебошад, масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва ҳам ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Таиланд баррасӣ шуд.

Аз раванди рушди ҳамкории судманди ду кишвар, ки аз замони сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Таиланд дар моҳи августи соли 2005 такон ёфта буд, изҳори қаноат карда шуд.

Арзи боварӣ карда шуд, ки сафари ояндаи Сарвазири кунунии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра ба ин раванд такони тоза хоҳад бахшид.

Аз номи Сарвазири Таиланд хонум Йинглак Шинаватра аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват карда шуд, ки барои иштирок дар Форуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки охирҳои моҳи майи соли равон баргузор мегардад, ба Таиланд ташриф барад.

Гуфтугӯйи судманд доир ба масоили байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ низ сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520